Коллеҷи милитсияи ВКД icon

Коллеҷи милитсияи ВКД

Faridun Umarov

About Коллеҷи милитсияи ВКД

Коллеҷи милитсия — барномаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Барномаи «Коллеҷи милитсия» хизматрасонии электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба мақсади тақвияти ҳамкорӣ байни маъмурият, омӯзгорон ва волидон таҳия шудааст.

Тавассути ин барнома, волидайни донишҷӯён метавонанд доимо аз рафтор, интизом ва пешрафти таълимии фарзандони худ бохабар бошанд. Дастрасӣ ба маълумот бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ва тавассути паёмак ба телефонҳои ҳамроҳ амалӣ мегардад.

Барнома шомили унсурҳои зерин мебошад:
– журнал ва рӯзномаи электронӣ
– ҷадвали дарсҳои асосӣ ва машғулиятҳои иловагӣ
– назорати давомоти донишҷӯён
– мониторинги сатҳи дониши таълимгирандагон

Инчунин, волидон метавонанд вазифаҳои хонагӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар иттилооти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ фиристода мешавад, дарёфт намоянд.
More from Faridun Umarov
Similar to Коллеҷи милитсияи ВКД
More from Faridun Umarov

©2023 Verdant Labs LLC. All rights reserved.

Privacy PolicyContact